6 январи соли 2023 дар Вазорати корҳои хориҷӣ вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ муовини вазир ба сафири Қазоқистон паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар супорид.
Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон бар асоси усулҳои пойдори эҳтиром, эътимод ва дастгирии ҳамдигарӣ минбаъд низ бо суръати афзоянда рушд намуда, бо иқдомҳои нави созанда ғанӣ хоҳанд гардид.