Вохӯрии сафир бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон

06.01.2023 17:45

06-01-2023-17-45.jpg

6 январи соли 2023 вохӯрии сафири Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермухамбет Конуспаев баргузор шуд.

Зимни мулоқот табодули паёмҳои табрикии роҳбарони ду кишвар ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт.

Қайд карда шуд, ки Тоҷикистону Қазоқистон дар заминаи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкориҳои муассир ва мутақобилан судмандро густариш медиҳанд.

 

Нигористон

Тақвим