Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия

30.01.2023 11:29

27 январи соли 2023 дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия баргузор шуд. Дар ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Русия, фаъолони ҷамъиятҳо, зиёиён, доираҳои соҳибкорон аз ҳисоби ҳамватанони муқим, инчунин консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Русия иштирок карданд.

Зимни суханронии худ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ дар минтақа, муносибатҳои иттифоқӣ ва фарогири дӯстонаи Тоҷикистону Русия ба аҳли нишаст маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Инчунин дар ҷаласа роҳбари намояндагӣ дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатиро таъкид карда, аз ҳамватанони муқими Русия баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои номатлуб даъват ба амал овард.

Сафир аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки дар рушду равнақи Тоҷикистон, корҳои ободониву созандагӣ, баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ ва варзишӣ бо мақсади дар сатҳи арзанда истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар саҳмгузор бошанд.

Нигористон

Тақвим