2 феврали соли 2023 дар Ашқобод мулоқоти сафири Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Бердиниёз Мятиев баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар, аз ҷумла мулоқотҳои дарпешистодаи сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва тавсеаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии байни давлатҳоро баррасӣ намуданд.