10 феврали 2023 дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Тонга баргузор гардид.
Баёнияи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва Намояндаи доимии Подшоҳии Тонга дар СММ Вилиами Ваинга Тоне имзо карданд.