15 феврали соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тим Ҷонсро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи баргузории аввалин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок табодули назар намуданд.