Сухани муқаддамотии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотӣ бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар соли 2022

17.02.2023 14:40

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Ҳозирини гиромӣ,

Дар соли сипаришуда Вазорат фаъолияти худро дар асоси усули “дарҳои кушода”, ки меҳвари сиёсати хориҷии кишварро ташкил медиҳад, идома дода, муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек ва ҳамкории мутақобилан судмандро бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикон тақвияту густариш дод.

Чуноне маълум аст ҷаҳон имрӯз дар як марҳилаи таҳаввулоту тазодҳо қарор дорад.

Вазъи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон бинобар афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ҳамоно мураккаб боқӣ монда, дар пайи онҳо буҳрони ҷаҳонӣ амиқ мегардад. Илова бар ин, мушкилоти марбут ба обу иқлим ва афзоиши офатҳои табиӣ ба сифати яке аз масъалаҳои муҳимми глобалии мавзӯъҳои меҳварии рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ дониста мешавад.

Новобаста аз таъсири омилҳои болозикр, барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон, соли 2022 дар маҷмӯъ марҳилаи навбатии идомаи иқдомҳои созанда ва расидан ба натиҷаҳои назаррас арзёбӣ мегардад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон гардидани соли 2025, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, на танҳо руйдоди муҳимми аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, балки яке аз дастовардҳои бузурги сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Тавассути ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид ҳам Рӯзи ҷаҳонӣ ва ҳам Соли байналмилалии пиряхҳоро эълон кард ва хазинаи ҳифзи пиряхҳоро таъсис дода, қарор қабул кард, ки дар шаҳри Душанбе дар соли 2025 тариқи баргузории Конфронси байналмилалӣ бо иштироки кишварҳои аъзои СММ ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ тамоми масоили вобаста ба ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ намояд.

Дар соли гузашта боздидҳои расмию кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Миср, Эрон, Ӯзбекистон, Покистон, Чин, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон сурат гирифтанд, ки дар баробари баррасии масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ва натиҷаҳои самараноки онҳо, инчунин, Пешвои муаззами миллат дар ҳамоишҳои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим иштирок карда, бо ҳамтоёни худ табодули афкори судманд анҷом доданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва ҳамёрон, бори нахуст дар доираи Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, яъне “COP 27”, мавзӯи об ҳамчун як масъалаи алоҳида, минбаъд дар рӯзномаи тағйирёбии глобалии иқлим мавриди баррасӣ қарор мегирад ва бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон акнун, мавзӯи пиряхҳо дар платформаҳои байналмилалӣ муҳокима хоҳад шуд.

Зимни ҳамоишҳои байналмилалӣ мулоқотҳои сатҳи олӣ бо ҷонибҳои Қатар, Туркманистон, Қазоқистон, Покистон, Россия, Ӯзбекистон, Чин, Нидерланд, Кения, Олмон, инчунин, Дабири кулли СММ ва Президенти Иттиҳоди Аврупо баргузор гардиданд. Ҳамчунин мавзӯъҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва масоили рӯзмарраи минтақавӣ ва глобалӣ дар рафти суҳбатҳои телефонӣ ва дидорҳои маҷозии Президенти Тоҷикистон бо роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Россия, Чин, Ҳиндустон, Фаронса, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ҳамтоёни хориҷӣ баррасӣ гардиданд.

Дар соли 2022 заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 71 санад таҳким ёфт, ки 56-тои он дар рафти сафарҳои расмӣ дар сатҳи олӣ ба имзо расонида шуданд. Ҳамин тариқ зимни сафарҳои расмии Президенти Тоҷикистон ба Миср 5, Эрон 17, Узбекистон 15, Покистон 9 санад ва сафари Президенти Беларус ба Тоҷикистон 10 санади дуҷониба ба имзо расид.

Ҳозирини гиромӣ,

Соли сипаришуда Тоҷикистон бо теъдоди зиёди кишварҳо 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатиро таҷлил намуд.

Яке аз абзорҳои муҳими татбиқи сиёсати хориҷӣ ин машварат ва муколамаҳои сиёсии дуҷониба мебошад, ки дар соли 2022, аз ҷумла бо Россия, Беларус, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қирғизистон, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Австрия, Чехия, Сербия, Юнон, Чин, Корея, Ҷопон, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Исроил, Туркия, Баҳрайн, Кувайт ва Умон баргузор шуданд.

Механизми дигари таҳкими ҳамкориҳои фарогири дуҷониба ин комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки Вазорат дар баргузор намудани ҷаласаҳои онҳо бо 12 кишвар мусоидат намуд.

Бо мусоидати Вазорат ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа дар маҷмӯъ 81 анҷумани иқтисодӣ, соҳибкорӣ, сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тариқи ҳузурию маҷозӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо беш аз 6 ҳазор соҳибкору сармоягузор ва намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок намуданд. Дар натиҷаи он чорабиниҳо беш аз 300 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 1,5 млрд. доллари ИМА байни мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳамин тартиб беш аз 1100 нафар соҳибкорони хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар ҳамоишҳои иқтисодию сармоягузорӣ, шиносоӣ аз имкониятҳои сармоягузорию сайёҳии кишвар ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Бояд қайд намоям, ки Осиёи Марказӣ дар густариши равандҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ тадриҷан ҷойгоҳи меҳвариро ишғол менамояд. Дар ин замина ҳамгироии бештари кишварҳои минтақа эҳсос мегардад, ки яке аз намунаҳои он вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Соли равон ҷаласаи панҷуми ҷашнии ин қолаби ҳамкорӣ дар ш.Душанбе баргузор мегардад.

Дар ин росто василаи дигар, ин қолаби ҳамкории С5+1 мебошад, ки Тоҷикистон дар ин раванд иштироки фаъол дорад. Соли гузашта машваратҳо дар доираи чунин қолабҳо бо Россия, Чин, Иттиҳоди Аврупо, ШМА, Ҷопон, Ҳиндустон, Корея, Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс доир шуданд. Дар маҷмӯъ кишвари мо ҷонибдори таъмини самаранокии амалии чунин абзорҳо мебошад.

Вазорат дар давраи ҳисоботӣ дар доираи ҳамкориҳои судманд бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати ҳимояи мавқеъ ва манфиатҳои миллӣ фаъолияти густурдаро роҳандозӣ намуд.

Дар ин росто баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе, ки ба сифати чорабинии муҳим барои Конфронси оби СММ - 2023 арзёбӣ мешавад, собитгари иқдомҳои созанда ва умумибашарии Тоҷикистон мебошад.

Зимни ин ҳамоиш саҳми босазо ва нақши пешсафии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи глобалии об бори дигар аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Аз натиҷаи Конфронс Эъломияи Душанбе ва дигар маводҳои натиҷавӣ бо фарогирии тавсия ва қарорҳои муфид қабул гардиданд, ки ҷиҳати самаранок ва бамаврид татбиқ шудани ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи амал, аз ҷумла Ҳадафи шашуми рушди устувор нигаронида шудааст.

Ҳамчунин, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо”, ки 18-19 октябри соли 2022 дар Душанбе доир шуд, бори дигар саҳми муассири Тоҷикистонро дар муборизаи муштарак бо ин унсурҳои зиддибашарӣ собит кард.

Зикри як нукта муҳим аст, ки бо ҳидоят ва роҳнамоии Пешвои миллат, Тоҷикистон имрӯз соҳиби ду раванди мубрами ҷаҳонӣ гардидааст, яъне “Раванди Душанбе дар мавзӯи об” ва “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм”.

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, инҷо мехостам миннатдории хешро барои иштироки фаъол ва инъикоси муҳтаво ва ҳадафҳои конфронсҳои болозикр ба шумо изҳор намоям.

Инъикоси воқеъбинона дар ВАО боиси боз ҳам дар сатҳи баланд доир шудани конфронсҳои мазкур гардида, аз ҷониби меҳмонон ва хабарнигорони хориҷӣ хеле хуб пазируфта шуд.

Дар идомаи ҳамкориҳои бисёрҷониба Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО фаъолияти худро барои густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди мазкур ҷиҳати ҳифзу муаррифии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуд.

6 лоиҳаи дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ ҷиҳати баррасӣ ба барномаи иштирок ва шуъбаи бурсияҳои бахши робитаҳои хориҷӣ ва иттилооти ҷамъиятии ЮНЕСКО пешниҳод гардид.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 Тоҷикистон ҳаммуаллифи номинатсияҳои “Латифаҳои Хоҷа Насриддин” ва “Санъати абрешимбофӣ” гардид, ки ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуданд.

Ҳозирини гиромӣ,

Дар мавриди хидматрасонии консулӣ ба шаҳрвандон мехоҳам қайд намоям, ки тибқи «Қоидаҳои барасмиятдарорӣ дар бораи додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд», номгӯи давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Тоҷикистонро доранд, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз 25 январи соли 2017 тасдиқ шудааст. Бояд қайд намуд, ки номгӯи мазкур аз соли 2009 инҷониб аз 68 кишвар то ба 126 кишвар расонида шуд. Дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз соли 2016 таҳияи раводиди электронии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишварҳои дар номгӯ зикргардида, роҳандозӣ карда шуд.

Мутобиқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1 январи соли 2022 бо 52 кишвари хориҷӣ низоми бераводиди яктрафа ҷорӣ гардид. Таҳия ва пешниҳоди дигар ташаббусҳо барои боз ҳам ҷолибтар кардани ин низоми фаъолият минбаъд низ матраҳ хоҳад шуд.

Дар соли 2022 Созишномаҳо оид ба бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Сербия, Шоҳигарии Марокаш, Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла инчунин Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расонида шуд.

Ҳозирини гиромӣ,

Дар ҳолати кунунӣ Тоҷикистон бо 183 давлат муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст.

Соли сипаришуда 34 сафири нави давлатҳои хориҷӣ (муқим ва ғайримуқим) эътимодномаҳои худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 350 ҳайати гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,

Фаъолияти рӯзмарраи Вазорат ва намояндагиҳои дипломатию консулии кишвар дар хориҷа дар сомона ва саҳифаҳои расмии мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешкаши ҳамагон мегардад ва шумо аз онҳо хуб огаҳӣ доред. Ин буд ба таври мухтасар чанде аз натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар соли 2022.

Мехостам қайд намоям, ки дар маҷмӯъ соли сипаришуда сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комёбиҳое ноил гардид, ки боиси боз ҳам афзудани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон гардид.

Дар соли ҷорӣ низ моро вазифаҳои муҳим ва масъулиятноке интизоранд, ки бояд саъй кунем онҳоро ҳадафмандона ба манфиати давлатамон иҷро намоем. Дар ин росто, Вазорат ҷиҳати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, яъне Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири рафти татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки аз 22 то 24 март дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерланд ба нақша гирифта шудааст, омодагии ҷиддӣ мебинад.

Нигористон

Тақвим