Нахустин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия

01.03.2023 14:35

01,03,2023,14,17.jpg

01.03.2023.16.12.jpg

28 феврали соли 2023 дар шаҳри Братислава аввалин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур аз ҷониби муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва муовини вазири иқтисоди Словакия Питер Шветс ифтитоҳ гардида, зимни он муаррифии имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар ироа гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистону Словакия ва соҳибкорони ҳар ду кишвар дар самтҳои энергетика, истеҳсолот, хизматрасонӣ, истихроҷи нафту газ, фармасефтӣ, ва ғ. ширкат варзиданд.

Анҷумани мазкур ба мақсади пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ҳар ду кишвар барпо гардид.

Нигористон

Тақвим