Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Русия

02.03.2023 10:56

02,03,2023,11,02.jpg

2 марти соли 2023 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Галузин доир гардид.

Ҳамсуҳбатон масъалаҳои омодагӣ ба сафари кории Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия М. Мишустинро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-3 марти соли ҷорӣ муҳокима намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ инчунин атрофи масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим