1 марти соли 2023 дар Будапешт нишасти соҳибкорони Тоҷикистон ва Маҷористон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираҳои тоҷирону ширкатҳои хусусии ду кишвар ҷиҳати баррасии густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои авлавиятнок баргузор гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода роҳбарӣ намуда, зимни суханронӣ дар ростои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Маҷористон нақши таҳкими минбаъдаи робитаҳои созанда миёни намояндагони бахши хусусиро дар соҳаҳои кишоварзӣ, нерӯи таҷдидшаванда, иқтисоди сабз, саноат, фанновариҳои муосир, дорусозӣ, гардишгарӣ, лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид намуд.
Ҳамзамон имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардида, соҳибкорони Маҷористон ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои мустақим бо ширкатҳои Тоҷикистон бо истифода аз зарфиятҳои фаровони муштаррак даъват шуданд.