1 марти соли 2023 дар ҳошияи Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Маҷористон мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Адам Штифтер барпо гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо аз баргузории анҷумани соҳибкорони ду давлат истиқбол намуда, вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Маҷористон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, инчунин дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши бештари равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Маҷористон дар ҳамаи заминаҳо дар руҳияи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум таъкид карданд.