Мулоқот бо мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират

03.03.2023 16:12

03-03-2023-16-11.jpg

2 марти соли 2023 дар Боку дар ҳошияи нишасти сатҳи баланди Гурӯҳи тамоси Ҷунбиши адами тааҳҳуд мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) Антонио Виторино доир гардид.

Зимни мулоқот дурнамои ҳамкорӣ ва раванди татбиқи лоиҳаҳои СБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо инчунин дар атрофи масъалаҳои марбут ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, ба вежа ҳимояи иҷтимоии онҳо табодули назар карданд.

Нигористон

Тақвим