2 марти соли 2023 дар Боку нишасти сатҳи баланди Гурӯҳи тамоси Ҷунбиши адами тааҳҳуд оид ба мубориза бо бемории COVID-19 баргузор гардид, ки дар он муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар суханронии хеш Музаффар Ҳусейнзода бо ишора ба таъсири манфии бемории COVID-19 ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, зарурати идомаи кумаки ҷомеаи ҷаҳониро ба кишварҳои осебпазири Ҷунбиш, хусусан дар самти таъмини занҷира ва амнияти озуқаворӣ таъкид кард.
Муовини вазир инчунин таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба аҳаммияти иқдомҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти мудирият ва таъмини дастрасӣ ба захираҳои об ҷалб намуда, даъват ба амал овард, ки аз имконияти фароҳамовардаи ин ташаббусҳо ба мақсади густариши ҳамкориҳо дар самти об ва пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим истифода намоянд.