Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Кувайт

03.03.2023 17:45

03-03-2023-17-44.jpeg

2 марти соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Мансур Айёд Ал-Утайби баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, саноат ва таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин, перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим