Супоридани нусхаи эътимодномаи сафири Ҷумҳурии Уганда

07.03.2023 16:40

7 марти соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Уганда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Теҳрон) ҷаноби Муҳаммад Тезикуба Кисамбираро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Ҷумҳурии Угандаро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

Нигористон

Тақвим