Шарҳи ВКХ Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои машварати роҳбарони воҳидҳои ҳамкории ҳарбии байналмилалии вазоратҳои мудофиаи давлатҳои узви СААД

07.03.2023 19:37

Иттилои ҷониби беларусӣ оид ба натиҷаи машварати роҳбарони воҳидҳои ҳамкории ҳарбии байналмилалии вазоратҳои мудофиаи давлатҳои узви СААД, ки 1-2 марти соли 2023 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, ба инобат гирифта шуд.

Дар ҷаласаи мазкур, ки дар рафти он ҷониби беларусӣ дар бораи самтҳои авлавиятноки раёсати худ дар СААД дар соли 2023 маълумот дод, ҳайати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат дошт.

Зимни ин, дар рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҷой надоштанд. Гузашта аз ин, бар хилофи изҳороти намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Беларус аз 4 марти соли 2023, дар рафти ҷаласа масъалаи “таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати аз байн бурдани шиддатнокии вазъ дар қисматҳои сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон” умуман баррасӣ нашуд.

Масоили вобаста ба муайянсозии хатти сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон танҳо дар сатҳи ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муҳокима ва матраҳ мегарданд.

Нигористон

Тақвим