11 марти соли 2023 дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дар иртибот ба “Солҳои рушди саноат” эълон гардидани солҳои 2022-2026 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Олмон намунаи либосҳои бо услуби миллӣ дӯхташуда аз маҷмӯаи тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова дар намоишгоҳи муди шаҳри Магдебург “Fashionshow Ottostadt macht Mode” ба маърази тамошо гузошта шуд.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ба ҳозирин дар бораи таърихи атлас, адрас ва чакани тоҷикӣ иттилоъ дода, таъкид дошт, ки санъати гулдӯзии тоҷикӣ “Чакан” соли 2018 ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (UNESCO) шомил карда шудааст.