Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар муколамаи 5-уми интерактивӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии об

25.03.2023 18:25

25.03.2023.17.10.jpg

24 марти соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар муколамаи 5-уми интерактивӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии об, ки аз ҷониби ҳайатҳои ШМА ва Сингапур ташкил гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронии худ С.Муҳриддин қайд кард, ки Даҳсолаи байналмилалии об пеш аз ҳама ба таъсиси майдони иловагӣ ҷиҳати мусоидат ба ноилшавӣ ба ҳадафу вазифаҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, бо таваҷҷуҳи махсус ба амалия нигаронида шудааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ишора ба уҳдадориҳои кишвар аз аҳамияти платформаи «Раванди оби Душанбе» ҳамчун механизми пайгирии иҷрои тааҳҳудоти зимни Конфронси оби СММ-2023 эълоншуда, ёдовар гардид.

Нигористон

Тақвим