Ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх

08.07.2019 09:10

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) намояндагии худро моҳи январи соли 1993 дар Душанбе кушодааст. Рӯзи 14 июли соли 2003 Созишнома оид ба мақоми намояндагии КБСС миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КБСС ба имзо расида буд. Хонум Клаудия Аззолини аз моҳи октябри соли 2016 ба ҳайси Роҳбари КБСС дар Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

Барои расонидани ёрӣ ба зарардидагони аз мина дар Тоҷикистон, соли 2012 КБСС барномаеро таҳти унвони “Иқдомҳои микроиқтисодӣ” пешбарӣ намуда буд. Ташкилот грантҳо барои оилаҳои зарардида аз мина, ки хоҳиши ташкил ва рушди тиҷорати хурди оилавиро доранд, ҷудо намуд.

Соли 2010 КБСС ба кормандони соҳаи тиб барои тақвият бахшидани омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ёрӣ расонид. Ба ғайр аз ин, КБСС семинарҳои махсус барои ҷарроҳони таҷрибаомӯз ва курсҳои “Амалиёти таъҷилии тиббӣ ба захмҳои калон”-ро барои табибони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.

Дар ҳоли ҳозир Хазинаи махсуси маъюбони КБСС (MoveAbility) барои омӯзиши мутахассисони миллӣ ёрии техникӣ, машваратӣ ва молӣ мерасонад. Ҳамчунин, Муассисаи давлатии “Заводи протезу ортопедии ш. Душанбе” ва филиали он дар шаҳрзои Хуҷанд ва Кулоб бо таҷҳизоти техникӣ таъмин гардиданд.  

КБСС ба Маркази миллии қонунгузории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷроиши тадқиқот мувофиқи қонунгузории миллӣ, меъёрҳои байналмилалӣ, ки ба ҳуқуқи шахсони гумшуда ва оилаҳои онҳо тааллуқ дорад, дастгирӣ намудааст.

КБСС барои паҳн намудани дониш дар бораи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилаӣ (ҲББ) ва дигар меъерҳои башардӯстона миёни ҳукуматҳо, қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба вижа донишгоҳҳо кумак мекунад. КБСС ба таври муназзам чорабиниҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ оид ба ҲББ барои намояндагони сохторҳои давлатӣ бо мақсади ривоҷ додани иҷроиши ҲББ дар сатҳи миллӣ ташкил мекунад.


 

Нигористон

Тақвим