27 апрели соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии IV-уми вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ–Чин”, ки дар шаҳри Сиан баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои “5+1” ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ алалхусус Саммити сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ -Чин”-ро, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Сиан баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазирони корҳои хориҷӣ бобати “Баёнияи Сиани” Саммити сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ-Чин” ва дигар санадҳои марбут ба ин чорабинии сатҳи олӣ табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми нишаст Баёнияи иттилоотии Вохӯрии IV-уми вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ–Чин” ва Протоколи ҷаласа ба имзо расид.