6 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.
Вазирон дар қолабҳои маҳдуд ва васеъ ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва муҳоҷират муфассал баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зимни мулоқот ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва пурраи созишҳои дар сатҳи олӣ роҷеъ ба фаъолгардонии ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ҳосилшуда, бо тамаркуз ба ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва саноатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар доираи иқдомҳо ҷиҳати тавсеаи робитаҳои башардӯстона рафти иҷрои лоиҳаву барномаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ, тандурустӣ, воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои илмӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки зимни баргузории чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавии мақомоти давлатии Русия ҷиҳати ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷират, ҳуқуқу озодиҳои заминавии шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Русия бояд риоя гарданд.
Вазирон вобаста ба баҳогузории чолишу таҳдидҳои амниятӣ нисбат ба вазъи кунунии Афғонистон назари яксон изҳор намуданд.
Дар рафти мулоқот омодагии ҷонибҳо ҷиҳати дастгирии мутақобила дар самти пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистон ва Русия дар чорчӯби СММ, СҲШ, ИДМ, СААД ва дигар сохторҳои бисёрҷониба таъйид гардид.
Музокирот дар фазои созанда ва дӯстона сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan