Вохӯрӣ бо ректори Донишгоҳи иқтисодию технологии Туркия (TOBB ETÜ)

12.06.2023 17:33

9 июни соли 2023 дар Донишгоҳи TOBB вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо ректори Донишгоҳи иқтисодию технологии Иттиҳодияи палатаҳои тиҷоратӣ ва биржаҳои молии Туркия (TOBB) д-р Юсуф Саринай баргузор гардид.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо бо мақсади рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаи маориф, ҳавасамандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни донишгоҳи мазкур ва муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон иброз намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим