21 июни соли 2023 намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи Шӯрои амният оид ба масъалаи Афғонистон ширкат ва суханронӣ намуд.
Зимни ҷаласа ширкаткунандагон вазъи кунунии Афғонистонро мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба чолишҳои умдаи ин кишвар табодули назар карданд.
Намояндаи доимии кишвар зимни суханронӣ бо мардуми Афғонистон, ки дар вазъияти буҳрони шадиди амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона қарор доранд, ибрози ҳамбастагӣ карда, аз омодагии Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи пешниҳоди зерсохтори худ ба созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати расонидани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии Афғонистон ёдовар шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan