30 июни соли 2023 вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо муовини ҳокими шаҳри Остона Ерлан Бекмурзаев баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Қазоқистон низ ширкат варзиданд.
Дар рафти сӯҳбат густариши масъалаҳои робитаҳои дуҷониба дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва доир намудани намоиши молу маҳсулоти ватанӣ дар шаҳри Остона баррасӣ карда шуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan