3 июли соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо вазири давлатӣ дар умури Аврупои Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Лео Докерти вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот перомуни масоили умдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, маориф, ҳифзи муҳити зист ва энергетика гуфтугӯ сурат гирифта, зарурати тақвияти бештари заминаи шартномавии равобит миёни ду кишвар таъкид гардид.
Мавзуи амнияти минтақавӣ бо тамаркуз ба вазъи феълӣ дар Афғонистон, мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир ва аҳаммияти вусъати ҳамкориҳои ҷонибҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ бахши дигари музокиротро ташкил дод.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan