Вазири корҳои хориҷӣ сафири Олмонро ба муносибати анҷоми маъмурияташ ба ҳузур пазируфт

05.07.2023 14:04

05.07.2023.14.20.jpg

5 июли соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманнро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ вазир ба сафири Олмон барои саҳмаш дар ҷоннок намудани абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ва густариши фаъолияти ташкилотҳои Олмон оид ба рушд дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдааш муваффақият таманно кард.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои самаранок ва мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Олмонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим