Ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон

10.07.2023 10:41

10.07.2023.10.00.jpg

Дар асоси Нақша-ҷадвали кории вохӯриҳо барои соли 2023 рӯзҳои 3 – 9 июли соли 2023 дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Вохӯрии навбатии гуруҳи корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим