16 июли соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Самиҳ Исо Ҷавҳар Ҳаёт баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Кувайтро дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо зарурати табодули сафарҳоро дар сатҳҳои баланду олӣ таъкид намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan