Мулоқот бо Президенти тозаинтихоби Шӯрои олимпии Осиё

17.07.2023 14:27

16 июли соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Президенти тозаинтихоби Шӯрои олимпии Осиё Шайх Талол Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳ доир гардид.

Зимни мулоқот сафир паёми табрикии президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Талол Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳ ҷиҳати интихоб шудан ба ин мансаб супорид.

Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ атрофи масоили таҳкими равобит дар соҳаи варзиш ва ҳаракати олимпӣ байни Шӯро ва Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим