3 августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини парламентии вазири корҳои хориҷии Япония Ёшикава Юмиро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ сатҳи кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илму маориф, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин ҳамкориҳои муштарак дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳокима гардиданд.
Пас аз мулоқот маросими имзои созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония роҷеъ ба лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)” баргузор шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan