Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 13-уми декабри соли 1994 роҳандозӣ шудаанд. Моҳи ноябри соли 2012 Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ва моҳи майи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа боз гардиданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Маҳмадалӣ Нурмурод Муродалӣ мебошад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборак ибни Абдулраҳмон Муборак Ан-Наср аст.
Дар таърихи муносибатҳои дипломатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 маротиба (дар солҳои 2007,2017,2024,2025) ба Давлати Қатар сафарҳои корӣ ва расмӣ анҷом додаанд, ки дар раванди рушди муносибатҳои дуҷониба нақши калидӣ ва таъсиргузор доранд.
Амири Давлати Қатар се маротиба ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007, 2019, 2023) бо сафарҳои корӣ ва расмӣ ташриф оварданд.
Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 6-7-уми майи соли 2007 саҳифаи навро дар таърихи муносибатҳои дипломатии ду кишвар боз кард ва ба рушди босуръати минбаъда замина гузошт.
Сафари расмии ҷавобии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи 2007 сурат гирифт, ки он аввалин сафари роҳбари як давлати арабӣ ба Тоҷикистон буд.
8-уми июни соли 2023 сафари давлатии Амири Давлати Қатар Аълоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳошияи ин сафар 15 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ба имзо расид.
21-22-юми январи соли 2024 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар сурат гирифт.
Дар доираи ин сафар байни ниҳодҳои ду кишвар 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар таърихи муносибатҳои ду кишвар 4 нишасти машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар: 24-уми октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе, 26-уми январи 2020 дар шаҳри Давҳа, 5-уми майи соли 2023 дар Душанбе ва 15 июли соли 2025 дар Давҳа баргузор гардид.
Заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатарро 42 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад.
Давлати Қатар аввалин кишвари арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Ширкати қатарии “Диёр” дар пойтахти Тоҷикистон лоиҳаи сармоягузории “Диёри Душанбе”-ро татбиқ менамояд. То ин вақт марҳилаи якуми лоиҳаи мазкур ба анҷом расидааст.
Байни ду кишвар Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ амал мекунад, ки ҷаласаҳои он моҳи октябри соли 2012 дар Душанбе, 30 январ - 3 феврал соли 2016 дар Давҳа, 30-31 августи соли 2018 дар Душанбе, 27-28 сентябри соли 2023 дар Давҳа ва моҳи октябри соли 2025 дар Душанбе баргузор шудаанд.
20.02.2026