Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласаи сатҳи вазирон оид ба омодагӣ ба Саммити Оянда

22.09.2023 11:31

21 сентябри соли 2023 дар ҳошияи иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи сатҳи вазирон оид ба омодагӣ ба Саммити Оянда ширкат ва суханронӣ намуд.

С. Муҳриддин зимни суханронии худ қайд кард, ки Саммити Оянда имконияти беназирро барои ҷоннок намудани ҳамкорӣ дар самти ҳалли чолишҳои замони муосир ва такмили мудирияти равандҳои марбутаи ҷаҳонӣ ва тасдиқи ӯҳдадориҳои кишварҳо, аз ҷумла дар самти ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор фароҳам меоварад.

Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин ба масоили муҳити зист, об ва иқлим рӯй оварда, дар ин росто ба аҳамияти ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли ҳифзи пиряхҳо ҷиҳати муттаҳид намудани талошҳо барои таъмини устувории ҷомеаҳо ва иқтисодиёти аз обшавии босуръати пиряхҳо осебдида таъкид намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим