Вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини аввали вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон

29.09.2023 15:14

27 сентябри соли 2023 дар Боку вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо муовини аввали вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Элнур Алиев баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамоии рушди муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, воридоти технологияҳои нав ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим