28 сентябри соли 2023 намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева 32-солагии Истиқлолияти давлатии кишварро бо тантана ҷашн гирифт.
Дар суханронии худ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи доимии Ҷумҳури Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба аҳамияти Истиқлолият, ҳифзи арзишҳои он, дастовардҳои даврони соҳибихтиёрӣ, инчунин дар бораи дурнамо ва ҳамкориҳои судманди фарогир байни Тоҷикистону созмонҳои байналмилалӣ ва Конфедератсияи Швейтсария ҷалб намуд.
Дар чорабинии идона роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва корпуси дипломатии муқими шаҳри Женева ширкат варзиданд.
Дар ҳамоиши идона ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол муаррифӣ гардида, аксҳо, манзараҳои зебои кишвар, китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъриху фарҳанги тоҷикон, намунаҳои санъати миллии тоҷик, аз ҷумла либосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan