Машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ

02.10.2023 17:44

2 октябри соли 2023 дар Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдулкарим Ал-Херейҷӣ баргузор гардид.

Зимни машваратҳо тарафҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, ҳуқуқӣ, фарҳанг, илму маориф ва тандурустӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим