2 октябри соли 2023 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон вохӯрии навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Ҳайати Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ятимов С. ва ҳайати Қирғизистонро Муовини раиси Девони Вазирон – Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ташиев Қ. роҳбарӣ намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ роҷеъ ба масъалаи делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мубодилаи афкор сурат гарифт.
Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов С. ва Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Қирғизистон Ташиев Қ. бо ҳусни тафоҳуми комил оид ба зарурати фаъол намудани тасвири гузариши хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дар қитъаҳои боқимонда изҳор намуда, ба гурӯҳҳои корӣ дастурҳои дахлдор додаанд.
Гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷиҳати тасвири хатти лоиҳавӣ дар минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон корро идома медиҳанд.
Зимни мулоқот махсусан зарурати таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва боварӣ миёни минтақаҳои наздисарҳадӣ, инчунин идомаи ҳамкориҳои фаъол байни вилоятҳову ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар қайд карда шуд.
Аз натиҷаи вохӯрӣ Протокол ба имзо расид.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan