Вазорати корҳои хориҷӣ бомбаборони беморхонаи Ал-Аҳлии Фаластиниро, ки боиси куштаву захмӣ шудани теъдоди зиёди одамон, аз ҷумла кӯдакону занон гардид, шадидан маҳкум менамояд.
Иншооти ғайринизомӣ, махсусан беморхонаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд мавриди ҳамла қарор гиранд ва дар ҳама гуна шароит бояд макони амн барои хизматрасонӣ ба мардум бошанд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори таслият ба пайвандони кушташудагон ва таманнои шифои комил ба захмиён, амалҳои зуровариро қатъиян маҳкум карда, ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ даъват менамояд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan