Вазири корҳои хориҷӣ бо комиссари Иттиҳоди Аврупо густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард

23.10.2023 16:32

23 октябри соли 2023 дар ҳошияи баргузории нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Ютта Урпилайнен баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи васеи ҳамкориҳоро матраҳ намуда, роҷеъ ба сатҳи шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми бархӯрдӣ аз афзалиятҳои гумрукии Иттиҳоди Аврупо (GSP+) ва Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта мубодилаи назар карданд.

Зимни баррасии ҳамкориҳои минтақавӣ Сироҷиддин Муҳриддин ишора ба зарфиятҳои гидроэнергетикаи Тоҷикистон, ашёи хом ва захираҳои инсонӣ дархост намуд, ки омилҳои болозикр дар татбиқи ташаббуси “Дарвозаи глобалӣ”-и Иттиҳоди Аврупо ба инобат гирифта шаванд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan


Нигористон

Тақвим