Вохӯрии cафир бо вазири маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон

25.10.2023 14:03

23 октябри cоли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо вазири маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон Ғани Бейсембаев мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи маориф, хусусан нашр кардани китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнае, ки таҳсилоташон бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим