Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо фиристодаи вежаи Иттиҳоди Аврупо

25.10.2023 16:35

25.10.2023.16.37.jpg

25 октябри соли 2023 дар ҳошияи ҳамоиши навбатии Иттиҳоди Аврупо “Дарвозаи ҷаҳонӣ” мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо фиристодаи вежаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Тери Ҳакала баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо ишора ба нишасти баргузоршудаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург, дурнамои ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намуда, ҳавасмандии худро барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд дар ҳошияи қолабҳо ва абзорҳои мавҷуда баён карданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим