Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо барномаи рушди таҳсилоти касбӣ-техникиро эълон карданд

25.10.2023 16:56

25 октябри соли 2023 дар ҳошияи форуми “Дарвозаи ҷаҳонӣ” вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Ютта Урпилайнен эъломияро оид ба тахсиси маблағ дар ҳаҷми 30 млн евро ҷиҳати рушди таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар Тоҷикистон имзо карданд.

Маблағи мазкур барои татбиқи барномаҳо баҳри таъмини ҷавонон ва бонувон бо шуғл дар бахшҳои муҳими иқтисодӣ, аз қабили кишоварзӣ, энергетика ва саноати сабзу рақамӣ равона хоҳад шуд.

Барномаи дастгирии молиявии буҷет тавассути ҷорӣ намудани унсурҳои нави муосир дар таҳсилоту таълими техникӣ ва касбӣ ба устуворӣ ва гузариши сабз мусоидат менамояд.

Расм: Иттиҳоди Аврупо

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим