Муаррифии зарфиятҳои тавлиди энергияи сабзи Тоҷикистон дар панели сатҳи баланди форуми “Дарвозаи ҷаҳонӣ”-и Иттиҳоди Аврупо

26.10.2023 09:52

25 октябри соли 2023 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар панели сатҳи баланди ташаббуси “Дарвозаи ҷаҳонӣ”-и Иттиҳоди Аврупо зери унвони “Гузариши сабз ва тавлиди гидроген” иштирок ва суханронӣ намуд.

Сироҷиддин Муҳриддин бо ишора ба зарфиятҳои мавҷудаи кишвар соҳаи гидроэнергетикаро аз ҷумлаи муҳимтарин заминаи “гузариши сабз” ва манбаи асосии тавлиди гидрогени “сабз” номид.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули “Стратегияи иқтисоди сабз” заминаҳои бунёдии гузариш ба иқтисоди сабзро муҳайё намуда, ният дорад то соли 2050 тавлиди барқ аз ҳисоби манбаҳои таҷдидшавандаро то ду маротиба афзоиш диҳад.

Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин ба мавҷудияти захираҳои табиӣ ва элементҳои нодир дар Тоҷикистон ишора кард, ки кишварҳои аз лиҳози саноат рушдёфта ба онҳо ниёз доранд. Ӯ аз кишварҳои шарик ва муассисаҳои молиявӣ даъват намуд, ки аз имконоти мавҷуда истифода бурда баҳри ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо мусоидат намоянд.

Дар панелҳои сатҳи баланди Форуми “Дарвозаи ҷаҳонӣ”, намояндагони кишварҳои дунё роҷеъ ба масълаҳои гузариши сабз, тавлиди энергия аз манбаҳои таҷдидшаванда, долонҳои нақлиётӣ, инчунин маориф, пажӯҳиш ва бахши тандурустӣ мубодилаи афкор анҷом медиҳанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим