17 ноябри соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров иштирок кард.
Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар заминаи дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, иштироккунандагон масоили ҳамкориҳо дар формати “Осиёи Марказӣ-Русия” ва татбиқи натиҷаҳои саммити нахустини онро, ки 14 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона баргузор шуда буд, матраҳ карданд.
Ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan