19 ноябри соли 2023 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бо иштироки корпуси дипломатӣ, доираи соҳибкорон ва ҳамватанони муқими Боку, ба хотири Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ маҷлисҳои тантанавӣ баргузор кард.
Зимни суханрониҳои табрикӣ сафир нақши тақдирсоз ва саҳми муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи давлатдории тоҷикон ва рушду шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар даврони истиқлол иттилои муфассал дод.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan