Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон

01.03.2020 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шуданд.Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамсоягони нек ва шарикони стратегӣ мебошанд. Мардумони ду кишварро равобити бародарона, ки бар анъанаҳо ва арзишҳои муштарак асос ёфтаанд, мепайванданд.

Хусусияти хоси муносибатҳои муосири Тоҷикистону Қазоқистон сатҳи баланди эътимоди мутақобил, яксонӣ ё наздикии мавқеъҳо дар мавриди аксари масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Ҳоло муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, тиҷоратӣиву иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра бомуваффвқият густариш меёбанд ва  мулоқотҳои мунтазами сарони Тоҷикистон ва  Қазоқистон барои таҳкими бештарӣ ҳамкорӣ замина мусоид фароҳам меоранд.

Сатҳи баланди муносибатҳоро бо заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ собит месозад, ки беш аз 100 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад.

Моҳи январи соли 1993 ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон санади бунёдӣ - Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.

Санади дигаре муҳим Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз 14 сентябри соли 2015 мебошад. Дар он принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷониба - эҳтироми мутақобили истиқлол ва соҳибихтиёрии давлатӣ, баробарҳуқуқӣ, адами дахолат ба корҳои дохилии якдигар ва саъйи тарафайн ба роҳандозии робитаҳои мутақобилан судманди шарикии иқтисодӣ муайян шудаанд.

Муколамаи сиёсии Тоҷикистону Қазоқистон пайваста рушд мекунад. Дар давраи сипаришуда 8 сафари расмӣ дар сатҳи сарони давлатҳо (1993, 1995, 2000, 2006, 2008, 2015, 2018 ва 2021), сафари сершумори расмӣ ва кории вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони дигар вазорату идораҳо баргузор шудаанд.

19-20 майи соли 2021 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он ба густариши хамкории стратегии ду кишвари бародар такони тоза бахшид.

Иқтидори ҳамкории иқтисодии тарафайн бузург мебошад. Ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ мунтазам баргузор мешаванд. Ҷаласаи охирини он рӯзҳои 16-17 марти соли 2021 дар Тоҷикистон доир гардид.

Дар доираи ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ ҷаласаи 3 -юми Гурӯҳи корӣ барои афзоиши тиҷорати дуҷониба ва номгӯи молҳои содира байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он чораҳои лозим ба афзун гардонидани тиҷорат ва рафти иҷрои Харитаи роҳ оид ба афзоиши тиҷорат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2018-2022 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин дар доираи ин ҷаласа форуми сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.

Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар 6 моҳи соли 2021 ба маблағи 643,64 млн. долл. ИМА-ро ташкил додааст.

Ба густашири муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Баргузории ҳамоишҳои фарҳангии муштарак бо ширкати ходимони фарҳанг ва ҳунари ду давлат ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ин росто, мунтазам баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон муҳим арзёби мешавад.

Муносибатҳо байни доираҳои илмию эчодӣ ва созмонҳои чамъиятӣ барқарор шуданд ва бемайлон густариш меёбад. Шаҳрвандони ду кишвар имкон доранд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар асоси квота таҳсил кунанд.

Ду кишвар дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба - СММ, САҲА, ИДМ, СААД, СҲШ ва МҲТБО бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд ва мавқеъҳоро ҳамоҳанг менамоянд.

Тоҷикистон омода аст минбаъд низ муносибатҳои дуҷонибаро бо Қазоқистон дар рӯҳияи эътимоди мутақобил ва шарокати стратегӣ таҳким бахшад.

 

Нигористон

Тақвим