Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Эстония 3 феврали соли 2006 барқарор шудаанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Яап Ора (аз соли 2024 бо қароргоҳаш дар ш. Остона) мебошад.
Заминаи рушди муносибатҳои сиёсӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд дар рафти мубодилаи сафарҳои дуҷонибаи сатҳи олӣ гузошта шудааст.
Соли 2009 сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Эстония баргузор гардид, ки муносибатҳои мутақобилаи ҷонибҳоро ба сатҳи сифатан нав баровард. Ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории ду кишвар зимни мулоқоти Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Эстония Томас Ҳендрик Илвес баррасӣ шуданд.
Соли 2012 дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Эстония Урмас Паэтро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт.
Соли 2013 сафари Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансип ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Дар ҷараёни ин сафар Сарвазири Эстония бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ намуд.
Машваратҳои сиёси миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Эстония як маротиба соли 2019 баргузор гардидаанд.
Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду давлат шаш созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегиранд. Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Эстония санадҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, маориф ва сайёҳи ба имзо расидаанд.
Ҳаҷми гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Эстония дар соли 2024 - 388,9 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил дод. Содирот дар соли 2024 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Эстония мушоҳида нашудааст.
12.03.2025