27 ноябри соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо вазири тандурустии кишвари иқомат Мусоев Теймур баргузор гардид.
Зимни мулоқот тарафҳо вазъи кунунии муносибатҳо ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи тандурустӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тандурусти ва илми тиб, аз ҷумла омода намудани кадрҳо, омӯзиш ва табодули таҷриба, иштирок дар конфронс ва форумҳои соҳавӣ таъкид карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan