11 декабри соли 2023 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо ноиби ректори Донишгоҳи АДА-и Озарбойҷон Фариз Исмаилзаде баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ миёни ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории тарафайн дар бахши таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар Донишгоҳи АДА-и Озарбойҷон, ташкили курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат барои дипломатҳои ҷавони тоҷик ва танзими конфронсҳои муштараки илмию амалӣ табодули фаъоли афкор сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan