22 декабри соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалащои илм, маориф, тандурустӣ ва варзиш ҷаноби Нурмуҳаммад Аманнепесов баргузор гардид.
Зимни суҳбати судманд ҷонибҳо дар атрофи доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон, аз ҷумла дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва тиб, варзиш ва сиёсати ҷавонон табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин аҳамияти густариши ҳамкориҳои башардӯстона миёни ду кишвари дӯст қайд гардида, рағбати ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн, таъйид гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan