25 декабри соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо роҳбари Идораи кулли сармоягузорӣ ва минтақаҳои озод (GAFI)-и Миср Ҳоссам Ҳайба мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар, аз ҷумла ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои санадҳои дар омӯзиши ду ҷониб қарордошта ва таҳияву пешниҳоди санадҳои нави ҳамкорӣ барои соддасозии робитаҳои дуҷониба, баррасӣ шуд.
Вохӯрӣ дар фазои созандагӣ ва бо таъкиди омодагии ҳарду ҷониб барои таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба ҷараён гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan